spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Ахмақӣ накун!». Номаи Трамп ба Эрдуғон

Дар рӯзи шурӯи амалиёти низомии Туркия дар Сурия – 9 октябр – президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон нома ирсол кардааст. Трамп бо ирсоли нома аз Эрдуғон хостааст, ки "аҳмақ набошад" ва "худро ҷавони ҷасур тасаввур накунад".

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин нома Трамп Эрдуғонро бовар мекунонад, ки бо роҳбарияти курдҳои Сурия ба созиши мутақобилан судманд даст ёбад.

Трамп ҳамчунин Эрдуғонро огоҳ месозад, ки дар сурати ҳамлаи артиши Туркия ба Сурия, президенти Туркия масъули қатли ҳазорон одам хоҳад буд. Президенти Амрико илова кардааст, ки иқтисоди Туркия дар натиҷаи таҳримҳои амрикоӣ "маҳв" хоҳад шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ба маҳви иқтисоди Туркия омодаам”. Трамп нисбат ба Туркия таҳрим эълон кард

Кохи сафед дурустии ин номаро тасдиқ кардааст.

Амалиёти низомии Туркия ба минтақаи курднишини Сурия 9 октябр шуруъ шуд. Ин амалиёт дуруст дар замоне оғоз гардид, ки артиши ИМА берунравӣ аз Сурияро шуруъ кард. Курдҳо барои кумаки низомӣ ба ҳукумати Сурия муроҷиат карданд.

Имрӯз, 17 октябр, мулоқоти ноиб-президенти ИМА Майк Пенс ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо президенти Туркия дар назар аст. Ахиран Трамп бори дигар таҳдид кард, ки агар Анқара бо намояндагони Амрико созиш ҳосил накунад, зидди Туркия таҳрим ҷорӣ хоҳад кард.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...