Вазорати дифои Русия ба комёбии амалиёте дар Сурия шубҳа дорад, ки ба гуфтаи президенти ИМА Доналд Трамп, дар натиҷаи он раҳбари гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" Абӯбакр Бағдодӣ (Абӯбакр ал-Бағдодӣ) кушта шудааст.
"Афзоиши шумори иштирокдорони бевосита ва кишварҳое, ки гӯиё дар амалиёт ширкат доштанду ҳар кадом ҷузъиёти зидду нақизи худро доранд, шубҳаеро ба миён оварда, воқеӣ будани амалиёт, аз ҷумла, комёбии онро зери суол мебарад", – навиштааст хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба суханони намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Конашенков гуфтааст, Вазорати дифои Русия аз иштироки низомиёни ин кишвар дар амалиёти мазкур хабар надорад. Пештар Трамп гуфта буд, ки низомиёни рус ба чархболҳои Амрико иҷозат доданд, то ҳангоми анҷоми амалиёт дар осмони минтақаи зери назорати онҳо парвоз кунанд.
Ба гуфтаи Конашенков, тайи рӯзҳои ахир ҳамлаҳои нерӯҳои ҳавоии ИМА дар Сурия ба қайд гирифта нашудааст. Намояндаи Вазорати дифои Русия афзуд, ки "марг"-и навбатии роҳбари ДИ ба вазъ дар Сурия таъсири фаврие нахоҳад расонд. Вазорати дифои Русия аз ИМА далелҳоеро хост, ки кушта шудани Бағдодиро тасдиқ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми октябр дар муроҷиати телевизионӣ гуфт, Бағдодӣ дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар шимоли ғарби Сурия худро тарконд.
"Шаби гузашта Иёлоти Муттаҳида террористи шумораи яки ҷаҳонро ба дасти адолат супурд. Абӯбакри Бағдодӣ мурдааст. Ӯ бунёдгузор ва роҳбари ДОИШ, бераҳмтарин ва хашинтарин созмони террористӣ дар ҷаҳон буд", – хабар дод Трамп рӯзи якшанбе.
Вай афзуд, дар ин амалиёти хатарнок ҳеч яке аз нерӯҳои амрикоӣ ҳалок нашудаанд.
"Бағдодӣ се бачаи ҷавонашро бо худ гирифта буд ва вориди туннел шуд. Дар ҳоле ки сагҳои мо ба дунболаш буданд, ба охири туннел расид ва худу се бачаашро кушт. Озмоишҳое, ки анҷом шуд, фавран ҳувияти Бағдодиро мушаххас кард. Худи ӯ буд. Аз биное, ки Бағдодӣ қарор дошт, иттилооти бисёр ҳассосро гирифтем, дар бораи ДОИШ ва тарҳҳои ояндаи он", – афзуд ӯ.
Раисҷумҳури Амрико Абӯбакри Бағдодиро “тарсу” ва “бозанда” тавсиф кард ва гуфт, "ӯ як марде мариз ва маҳрум буд ва акнун аз байн рафтааст".
Доналд Трамп афзуд, шумори зиёде аз ҳамроҳони роҳбари ДОИШ дар ҷараёни амалиёт кушта шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.