Имрӯз, 1-уми ноябр дар Шӯрои Федератсия – маҷлиси болоии парлумони Русия маросими шашуми ҷоизасупории барномаи “Дети-Герои” (Кӯдакони қаҳрамон) баргузор шуд. Дар он 20 кӯдаку наврас қадрдонӣ шуданд, ки байни онҳо зодаи Тоҷикистон Бахтиёр Усмонови 10-сола низ буд.
Ин тоҷикписар барои наҷот бахшидани дӯсти ба даруни лӯлаи оби гарм афтодааш бо нишони “Барои ҷасорат” сарфароз гардонида шуд.
Тибқи иттилои торнамои Шӯрои Федератсия, раиси маҷлиси болоии парлумони Русия Валентина Матвиенко дар маросими ҷоизасупорӣ ба волидони кӯдакони шуҷоъ изҳори сипос карда, гуфтааст: “Давлат қаҳрамонии чунин кӯдаконеро, ки дигарон аз онҳо ибрат мегиранд, сарфи назар намекунад”.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.