Барои иштирокчии асосии парвандаи таркиш дар метрои Санкт-Петербург – Аброр Азимов ҳабси якумрӣ дархост шудааст.
Тавре РБК хабар медиҳад, прокурор ҳамчунин дархост кардааст, ки ӯ дар ҳаҷми 1 млн. рубл ҷарима шавад.
Бино ба маълумоти “РИА Новости”, айбдоркунандаи давлатӣ барои Акрам Азимов, бародари Аброр, инчунин Муҳаммадюсуф ва Иброҳим Эрматовҳо ҳукми ҳабси абадро дархост кардааст.
Илова бар ин, прокурор аз суд дархост кардааст, ки ҳамаи 11 нафар судшавандаҳо дар парвандаи амали террористӣ гунаҳкор эътироф шаванд.
Таркиш дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 3-юми апрели соли 2017 рух дод. Тахрибкори маргталаб Акбарҷон Ҷалилов ба метрои шаҳр ду дастгоҳи тарканда дароварда буд. Инфиҷор байни истгоҳҳои «Сенная площадь» ва «Технологический институт» ба амал омад. Боз як бомба дар истгоҳи «Площадь Восстания» ошкор ва безарар гардонида шуд.
Дар натиҷаи ин амали террористӣ 16 нафар ҳалок ва зиёда аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.