Субҳи барвақти 26-уми ноябр дар Албания яке аз шадидтарин заминларзаҳои тайи чандин даҳсола рух додааст. Дар натиҷа дастикам 20 нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Паҳӯҳишгоҳи илмҳои геологӣ дар Тирана ва Маркази таҳқиқоти геологии Олмон дар Потстдам қувваи онро 6,3 ва Хадамоти геологии ИМА (USGS) 6,4 балл арзёбӣ карданд. Дар ин бора DW хабар медиҳад.
Айни замон эҳтимол даҳҳо нафар зери харобаҳои биноҳои осебдида қарор доранд. Зиёда аз 600 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Маркази заминларза дар 10 километрии шимоли шаҳри бандарии Албания – Дуррес ва 30 километрии ғарби Тирана будааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.