spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Созиши иҷрои низоми оташбас то охири соли 2019 дар ҳамоиши “шакли нормандӣ”

Дар шаҳри Порис рӯзи душанбе ҳамоиши "шакли нормандӣ" мулоқоти раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина баргузор шуд. Мавзуи меҳварии вохӯрӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли низоъ дар шарқи Украина буд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, гуфтугӯи раҳбарони Русия, Олмон, Фаронса ва Украина то нимашаб идома ёфта, дар охир нишасти хабарии муштараки онҳо баргузор шуд. Ҷонибҳо мулоқоти алоҳида низ анҷом доданд. Раҳбарони Русия ва Украина – Владимир Путин ва Владимир Зеленский бори нахуст мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо иҷрои Созишномаи Минск дар бораи ҳалли низои Донбассро баррасӣ карда, ба созиш расиданд, ки иҷрои низоми оташбас бояд то охири соли 2019 таъмин карда шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нахустин мулоқоти расмии сарони кишварҳои ИМА ва Украина

Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамчунин табодули ҳамаи боздоштшудаҳоро то охири соли равон баҳс карданд. Зеленский гуфт, барои ин кор бояд рӯйхати ҳамаи табодулшавандаҳоро тартиб дод.

Раҳбарони 4 кишвар розӣ шуданд, ки шакли баргузории интихоботҳои маҳаллиро дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон чаҳор моҳ баъд дар мулоқоти ояндаи худ баррасӣ мекунанд. "Мо барои ҳалли низоъҳои шадид ирода дорем", – гуфт садри аъзами Олмон Ангела Меркел.

Дар охири нишаст ҷонибҳои эъломияи муштаракеро имзо карданд, ки пойбандияшонро ба созишномаи Минск дар асоси гуфтугӯҳои оянда таъйид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...