Дар минтақаи ғарби Норвегия зимистони хеле гарми ғайримуқаррарӣ ҳукмфармост: субҳи 2 январ дар шаҳри Ондалснес ҳаво 18,6 дараҷа гарм шуда, дар шаҳри Сундалсёр ба 19 дараҷа гармӣ расид. Айни замон ин гармтарини рӯзи моҳи январ дар ин кишвар тӯли тамоми таърихи мушоҳидаҳост.
Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, роҳбари коммунаи Рёум Ивонн Волд тасмим гирифтааст, аз ин гуна ҳаво истифода карда, дар халиҷи баҳр оббозӣ кунад, вале бар ин назар аст, ки “… чунин обуҳаво ёдовариест ба мо аз хатарнок будани тағйири иқлим”.
Бино ба маълумоти назарпурсии ҳамасола, сокинони Норвегия (49%) бори нахуст тағйирёбии иқлимро мушкили асосии сиёсӣ номидаанд, ки ҳаллу фаслро тақозо мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.