spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон куштори Қосим Сулаймониро аз ҷониби ИМА маҳкум кард

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо интишори як баёнияи матбуотӣ куштори генерал-полковник Қосим Сулаймонӣ ва дигар ҳамразмонашро аз ҷониби ИМА, ки 3-юми январ тавассути ҳавопаймои бесарнишин анҷом дода шуд, башиддат маҳкум кардааст.

Дар ин баяёния гуфта мешавад, нақши Қосим Сулаймонӣ дар масири мубориза ва нобудии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ дар Ироқу Сурия, ки бо даъвати расмии давлатҳои ин кишварҳо сурат гирифт, муҳиму барҷаста буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Намояндаи баландпояи ИМА: Вашингтон нияти ҷанг бо Теҳронро надорад

“Иртикоби ин ҷинояту терроризми давлатӣ бузургтарин хатои стратегии омилони он дар минтақаи ғарби Осиё буда, ҳамагонро бар ин бовари қатъӣ расонда ва ё хоҳад расонд, ки танҳо роҳи барқарории сулҳу оромиш дар минтақа на такя ба қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои бегона, балки таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар чорчӯби шабакасозии амниятӣ, мубтанӣ бар манфиатҳои муштараки ин кишварҳо мебошад”, – омадааст дар баёнияи сафорати ҶИЭ.

“Маҳкумияти ин ҷиноят тавассути давлатмардони ироқӣ ва шахсиятҳои барҷастаи мазҳабӣ ва миллии ин кишвар, баъдан видои пайкари он шаҳид дар шаҳрҳои Ироқ ва тасвиби қонуни хуруҷи сарбозони амрикоӣ дар парламенти ин кишвар дар вокуниш ба террори ноҷавонмардона, гувоҳи мусаллам бар дурӯғ будани тамомии иддаоҳои қаблии режими Амрико алайҳи нақшу ҷойгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ироқ буда, посухи маҳкаме ба талошҳои тафриқаафканонаи бадхоҳони ин ду миллати бузургу ҳамсоя мебошад”, – навиштаанд дипломатҳои эронӣ.

Зимнан изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар мавриди ҳамла ба марказҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон “хасмона, таҳдидомез ва нобаҳинҷор” арзёбӣ шудааст, ки тибқи қоидаву қонунҳои байнулмилалӣ гувоҳи боризи “ҷинояти ҷангӣ” аст. Ба навиштаи сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон, чунин ҳамлаи эҳтимолӣ “падидомада аз аҷзу нотавонии ин ҷинояткорон дар баробари иродаи халалнопазири давлату миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки мубтанӣ бар фарҳангу тамаддуни ғании исломӣ ва эронӣ аст, мебошад”.

Дар ин баёния гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон зери бори ҳеҷ таҳдид ё тарсу ҳаросе нахоҳад рафт ва ҳаққи посухгӯӣ ба ҳар гуна таҳдид ё иқдом алайҳи амнияту тамомияти арзияшро барои худ маҳфуз медонад. “Таърихи ҳазоронсолаи эронзамин ва шаҳомату шуҷоати сардорони бузургу номии он нишон додааст, ки миллати диловари Эрон ба ҳар мутаҷовизе башиддат посух дода ва мероси фарҳангӣ ва тамаддунии ғании худро насл ба насл ҳифз кардааст”, – изҳор доштааст сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...