Намояндаи доимии Эрон дар СММ Маҷид Тахт Равончӣ дар посух ба суоли хабаргузории ТАСС доир ба вокуниши Теҳрон ба изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки Теҳрон интиқом барои генерал Қосим Сулаймониро ба анҷом расонида, дар сурати зоҳир нашудани таҳдид аз ҷониби ИМА, ба амалиёти нави низомӣ даст намезанад.
“Ҳамаи амалҳои мо ба куштори Қосим Сулаймонӣ муносиб буданд. Онҳо ба анҷом расиданд. Агар ИМА дигар нисбат ба Эрон амалиёти ҳарбӣ анҷом надиҳад, мо ҳам дигар ба чунин амалҳо даст намезанем”, – таъкид дошт ӯ.
Дипломат илова кардааст, ки Эрон бо амалисозии ҳуқуқаш ба худмуҳофизатӣ қатъиян мутобиқи моддаи 51-и Оинномаи СММ амал кард.
“Агар ИМА боз ба амалиёти низомӣ даст зананд, ба Эрон ҷуз посух дигар роҳе нахоҳад монд”, – иброз доштааст Тахт Равончӣ.
Рӯзи 3-юми январ ИМА ба қаламрави наздики фурудгоҳи Бағдод ду зарбаи мушакӣ зад, ки дар натиҷа фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ кушта шуд. Пас аз ин парлумони Ироқ қатъномаи дархост дар бораи хуруҷи нерӯҳои ИМА-ро маъқул донист.
Субҳи 8-уми январ Эрон ба пойгоҳҳои ҳарбии ИМА дар Ироқ зарбаҳои мушакӣ зад. Доналд Трамп дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷанг намешавад, вале ИМА нисбат ба “ҳукумати Эрон” таҳримҳои нави шадиди иқтисодӣ ҷорӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.