Рӯзи 2 феврал дар шаҳри Ухани Чин, ки сарчашмаи паҳншавии навъи нави коронавирус шуморида мешавад, сохтмони яке аз ду бемористон барои сироятёфтагон ба анҷом расид. Госпитал барои 1000 ҷой дар муддати 10 рӯз сохта шуд.
Тавре Медуза хабар медиҳад, аз 3 феврал ин бемористон ба қабули сироятёфтагон шурӯъ мекунад.
Дар беморхонаи нави дар шаҳри Хошэншан сохташуда беморонро наздики 1,4 ҳазор нафар табибони ҳарбӣ муолиҷа хоҳанд кард, ки махсус бо ин мақсад ба вилоят сафарбар шудаанд.
Тавре хабаргузории «Синхуа» иттилоъ медиҳад, бемористон бо модели госпитали «Сяотаншан» дар Пекин бунёд гардидааст, ки соли 2003 барои мубориза бо варами шуши ғайримаъмулӣ сохта шуда буд.
Сохтмони муассисаи тиббӣ рӯзи 24 январ оғоз гардид. Нахуст анҷоми корҳо дар 6 рӯз пешбинӣ шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.