Дар Чин, тибқи маълумот то субҳи 13-уми феврал 14840 ҳодисаи нави сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст.
Хабаргузории Медуза навиштааст, ки шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тавре дар Комиссияи миллии тандурустии Чин шарҳ додаанд, босуръат болоравии нишондиҳандаҳои оморӣ ба тағйири усули ташхиси беморӣ вобаста аст. Минбаъд шумори сироятёфтагон аллакай тибқи маълумоти томографияи компютерӣ бе мунтазир шудани натиҷаҳои дигар таҳқиқот ҳисоб мешавад.
Дар шарҳи ин масъала табибон изҳор доштаанд, ки он ба оғози муолиҷа дар марҳилаи барвақтии гирифторӣ ба беморӣ кумак мекунад.
Зикр мешавад, ки шабонарӯзи гузашта аз сирояти коронавирус 242 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон дар Чин ба зиёда аз 1,3 ҳазор нафар расидааст.
Беш аз 5,6 ҳазор нафар аз ин беморӣ муолиҷа шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.