Дар маркази савдои пойтахти Филиппин – шаҳри Манила як марди мусаллаҳ 30 нафарро гаравгон гирифт.
Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, ин ҳодиса дар маркази савдои Greenhills mall ба амал омада, ҷинояткор собиқ посбони ин марказ будааст.
Гуфта мешавад, пас аз тирпарронӣ ва захмӣ шадуни як нафар, кормандони пулис марказро иҳота кардаанд. Тавре CNN Philippines хабар медиҳад, шахси маҷруҳ дар бемористон бистарӣ шуда, вазъи солимиаш муътадил аст.
Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, собиқ посбони марказ эҳтимол бо силоҳи оташфишон ва норинҷакҳо мусаллаҳ аст. Айни замон бо ӯ гуфтушунид ҷараён дошта, мард обу ғизо дархост кардааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, посбонро хадамоти амният чанде пеш аз кор озод кардааст. Ӯ аз ҳамтоёни худ дархост карда будааст, ки ба ӯ ҳамроҳ шаванд, лекин онҳо рад кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.