Рӯзи 1-уми март чанде аз нашрияҳои хориҷӣ бо таваҷҷӯҳ ба хабари баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳолу ҳавои сиёсӣ, дурнамоҳои эҳтимолии президент Эмомалӣ Раҳмон дар қудрат, рӯҳияи мардуми ин кишвар ва интизорот аз натиҷаҳои интихоботро нашр карданд.
Хабаргузории Reuters рӯзи 1-уми март дар матлабе бо номи "Тоҷикистон дар фикри интихоби парлумони вафодор ба пешвои пурқудрат аст" навишт, интихобот "ба хотири эҷоди як шохаи қонунгузори дигари вафодор ба президент Эмомалӣ Раҳмон барпо мешавад, ки як ҷумҳурии собиқи шӯравиро дар Осиёи Марказӣ инак чоряк қарн раҳбарӣ мекунад".
Муаллифи ин матлаб мегӯяд, ки интихобот инчунин каме "нақшаҳои Раҳмон дар робита бо интихоботи президентии тирамоҳи имсолро рӯшан мекунад, ки мӯҳлати ҳафтсолаи раҳбарии ӯ ба охир мерасад. Президент то ҳол нагуфтааст, ки оё дар интихобот иштирок мекунад ё на".
Вебсайти дигари ғарбӣ низ мегӯяд, ки интизор меравад, "аксар афроди вафодор ба президент” дар интихобот пирӯз мешаванд. Вебсайти ABC News матлаби оҷонсии Associated Press-ро нашр карда гуфтааст, ки бо вуҷуди таблиғоту маъракаи камранги интихоботӣ, Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон нисфирӯзӣ дар бораи ширкати 47 дарсади раъйдиҳандагон хабар дод. "Раҳмон қудрати худро дар кишвар тадриҷан қавӣ кард – референдуми соли 2016 маҳдудияти ширкат дар интихоботи президентиро аз байн бурд ва ҳам фаъолияти ҳизбҳои диниро манъ кард".
Раъйдиҳӣ дар ду ҳавзаи интихоботии Кӯлоб:
"Тоҷикистон ба интихобот меравад, вале мухолифон ба канор зада шуданд" – чунин ном дорад матлаби нашршуда дар вебсайти France 24. Мақолае ба муаллифии France Press ё AFP мегӯяд, сенарияи баргузории интихоботи Тоҷикистон ба маъракаҳои сиёсии дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ – ба истиснои Қирғизистон – шабоҳат дорад ва интизор мерасад, ки "тақрибан бидуни ҳеҷ рақобат Ҳизби халқии демократии Раҳмон пирӯз шавад".
Муаллиф ёдовар мешавад, ки интихобот бо ширкати танҳо як ҳизби воқеан мунтақиди ҳукумат барпо мешавад ва собиқ ҳизби умдаи мухолифин – наҳзати исломӣ – мамнӯъ шудааст. Шокир Ҳакимов, мувоини раиси ҳизби сотсиал-демократ дар сӯҳбат бо AFP гуфтааст, ки сабаби то ҳол ба парлумон роҳ наёфтани ин ҳизб "на ба хотири набуди пойгоҳ", балки ба хотири "набуди иродаи сиёсӣ, қонунгузории заъифи интихоботӣ ва тақаллуб", будааст.
Ҳакимов гуфтааст, ки ҳизбҳои дигари хурд "ташаккулҳои сохташудаи сиёсӣ буда, бо қонунҳои номенкратура бозӣ мекунад ва интиқодро дар маҳдудаи мувофиқашуда ба кор мебаранд". Муаллифи ин матлаб дар остонаи интихобот боздошт журналисти мунтақиди ҳукумат Далер Шарифов ва ҳам даҳҳо узви созмони дигари мамнӯъ – "Ихвон-ул-Муслимин" ёдовар шудааст.
Ҷараёни интихобот дар Бохтар:
Журналисти "Радио Замона" Шаҳзода Самарқандӣ дар матлабе бо номи “Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ва натиҷаи “қобили пешибинӣ”-и он рӯзи якшанбе навишт, бо ин ки мардуми Тоҷикистон рӯзи 1 март пои сандуқҳои раъй мераванд, "аммо дар саросари кишвар аз шӯри интихобот ва барномаҳои интихоботӣ хабари чандоне нест".
Дар идома ӯ суоле гузоштааст, ки "рафтан ба пойи сандуқҳои раъй чӣ суде барои мардум дорад, вақте қудрати аслӣ дар дасти Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои хонавода аст?" Муаллиф мегӯяд, "дарҳои интихобот ба рӯи ҳар гуна сиёсати тоза ваё чеҳраи тоза баста аст. Тамоми нишонаҳои мавҷуд дар арсаи сиёсии кишвар қудрати аслиро дар кафи ӯ ё аъзои хонаводаи Раҳмон нишон медиҳад".
Муаллифи матлаб мегӯяд, мардуми оддӣ дар Тоҷикистон "сиёсатгурез" ҳастанд, ба намояндагони маҷлис эътимод надоранд ва ба мушоҳидаи ӯ, "барномаҳои аҳзоб ва номзадҳо бозтоби зиёде дар расонаҳои дохилӣ надошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мардум алоқаи чандоне ба ин барномаҳо нишон надоданд".
Хабаргузории эронии ISNA (Оҷонсии хабарии донишҷӯёни Эрон) дар матлаби мухтасаре роҷеъ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон навишт, "шӯр ва ҳаяҷоне дар интихоботи имрӯз тақрибан вуҷуд надорад. Бисёре бар ин боваранд, ки дар интихоботи имрӯз аксарият номзадҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пирӯз хоҳанд шуд".
Интихобот дар яке аз нуқтаҳои раъйдиҳии Ҳисор:
IRNA дар хабаре дар бораи интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар бораи номзад шудани занҳо ёдовар шуда гуфтааст, ки аз тахминан 240 номзад ба вакилӣ, 48 нафарашон зан мебошанд ва аксари онҳо аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешбарӣ шудаанд.
"Шафақно" – вебсайти дигари эронӣ дар матлабе бо номи "Интихоботи парлумонии Тоҷикистон: эҳтимоли пирӯзии вафодорон ба Эмомалӣ Раҳмон бештар аст", мегӯяд, "интизор ин аст, ки тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии пурқудрати ин кишвари Осиёи Миёна қудратро қабза кунанд". Дар идома ин вебсайт навиштааст, "аз 7 ҳизб, ки барои расидан ба 63 курсии маҷлиси Тоҷикистон талош мекунанд, танҳо як ҳизб сотсиал-демократ ҷуръати интиқод аз Эмомалӣ Раҳмон дорад".