spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳақиқат. Чин занони ӯйғурро маҷбуран “нозо” мекунад

Ин хабар миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард ва мо қарор додем дурустии онро санҷем.

30-юми июни соли равон дар сомонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» – Pressa.tj, матлабе бо номи «Чин мехоҳад занони ӯйғурро маҷбуран аз таваллуд боз дорад» нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳукумати Чин ба хотири пешгирии рушди аҳолии ӯйғур занҳои ин ақалиятро маҷбурӣ ақим ё нозо мекунанд

«Таҳқиқоти наве, ки рӯзи душанбеи 29 июн нашр шуд, мегӯяд, ниҳодҳои ҳукумати Чин ба ҳадафи пешгирӣ аз рушди аҳолии ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон, занҳои ин ақалиятро ба таври маҷбурӣ ақим ё нозо мекунад. Ин таҳқиқот бар асоси оморҳои давлатӣ дар минтақаи Шинҷон, санадҳои расмӣ оид ба иҷрои ин сиёсат ва мусоҳиба бо занони ақалияти ӯйғур, таҳия шудааст», гуфта мешавад дар хабар.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бидон, чиро мебинӣ! 5 нишонаи хабарҳои фейкӣ ва 5 қоидаи мутолиаи хабарҳо

Аслан бори аввал нест, ки чунин хабарҳо дар бораи ақаллиятҳои миллӣ дар Чин, хоса ӯйғурҳо нашру паҳн мешаванд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки Чин дарвоқеъ хостори боз доштани таваллуд миёни занони ӯйғур аст.

Ин маводро мо аз саҳифаи Радиои “Озодӣ” бо сарлавҳаи «Пажӯҳиш: Чин дар пайи «маҷбуран нозо кардан»-и занони ӯйғур аст» пайдо кардем ва маълум шуд, ки хабаргузории Pressa.tj аз ин манбаъ онро бознашр кардааст.

Ҳамчунин ҳангоми ҷустӯҷӯ дар сомонаҳои ҷусторӣ бо чанд забон маълумоти бисёреро ба даст овардем, ки далели дурустии ин хабар буданд.  Масалан, бунёди Ҷеймстаун, ки яке аз самтҳои асосии барномаи таҳқиқотии он ба кишвари Чин бахшида шудааст, дар сомонаи худ ҳисоботи вижаеро нашр намудааст, ки он дар бораи назорати ҳатмии таваллуд ва пешгирӣ аз афзоиши аҳолии ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон аз тарафи ҳукумати Чин мебошад. Гуфта мешавад, таҳқиқоти мазкур бар асоси омору санадҳои расмӣ дар минтақаи Шинҷон оид ба иҷрои ин сиёсат ва суҳбатҳо бо занони ақаллияти ӯйғур омода шудааст.

Иттиҳоди байнипарлумонӣ дар Чин, маъруф бо IPAC низ 29-уми июни соли равон аз ошкор сохтани далелҳои нав дар бораи он ки ҳукумати Чин барномаи назорати таваллудро мавриди ҳадафи ақаллиятҳои мусалмонӣ дар ноҳияи Шинҷон қарор додааст, хабар дод.

Хулоса:

Санҷиши мо нишон дод, ки ки воқеан ҳукуматдорони Чин барои пешгирӣ аз афзоиши аҳолии ӯйғурҳо ва назорати ҳатмии таваллуд миёни занони ин ақаллият дар минтақаи Шинҷон барномаҳои махсусро пиёда месозад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта.” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook  ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...