Дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут рӯзи 4 август дар мавзеи бандар ҳазорҳо тонна селитраи аммиакӣ таркид. Бар асари ин таркиш беш аз 70 нафар ҳалок ва наздики 4 ҳазор кас осеб диданд.
Хабаргузории Медуза иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти ташкилоти Салиби Сурх, аз таркиш 100 нафар ҷон бохтаанд.
Губернатори Бейрут Марвон Аббуд ин ҳодисаро ба бомбафкании Хиросима ва Нагасаки монанд кардааст. “Тамоми умрам чунин харобиҳоро надида будам. Ин фоҷеаи миллист”, – гуфтааст ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.