spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мир Мафтун маҳаллихони маъруфи Афғонистон унвони устодӣ гирифт

Мир Мафтун, яке аз маҳаллихонҳои варзидаи Афғонистон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводорони зиёде дорад, унвони расмии устодиро дар Афғонистон ба даст овард. Бино ба хабари расонаҳои Афғонистон ,лақаби устодӣ ба Мир Мафтун аз сӯйи Вазорати фарҳангу иттилоот дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи ҳунармандони бурунмарзии Афғонистон эҳдо шудааст.

Бино ба навиштаи торнамои Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, ин унвон ба Мир Мафтун, ҳунарманди пуровозаи Бадахшон дар як ҳамоиши хос аз сӯйи сарпарасти Вазорати фарҳанг Муҳаммад Тоҳир Заҳир тақдим шудааст.

Мир Мафтун, ки номи аслияш Меҳрӣ аст, дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон зода шудааст.  Ба гуфтаи худи Мир Мафтун, ӯ аз 8-солагияш овозхонӣ мекунад ва пас аз хидмати сарбозӣ барои таҳсил дар риштаи низомӣ ба Қирғизистон рафтааст ва муддате афсарӣ ҳам кардааст. Баъди пирӯзии ҳукумати муҷоҳидин дар Афғонистон кори афсариро канор гузошта, ба овозхонӣ пардохтааст.

Мир Мафтун таронаву сурудҳои фолклорӣ ва маҳалии Бадахшонро мехонад, ки бо ин оҳангҳо ҳаводорони зиёде дар Афғонистон ва Тоҷикистон дорад. Зимни яке аз сафарҳояш ба Душанбе, дар як суҳбат бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки ниёгонаш аз Кӯлоби Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон рафтаанд ва худро аз хешовандони ҳунарманди зиндаёди тоҷик Одина Ҳошим номида буд.

Ӯ борҳо ба Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои гуногун даъват шудаву барномаҳои консертӣ иҷро кардааст. Дар яке аз барномаҳои пурбинандаи телевизиони “Тулуъ”-и Афғонистон “Ситораи афғон” ӯ бо ишора ба як ҷомаи тоҷикии сари китфаш гуфт, ки “ин ҳадяи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст”. Мир Мафтун борҳо дар ҷашнвораи “Фалак” ва маросимҳои Наврӯзи Тоҷикистон ширкат кардааст.

Ин овозхон соли 2001 ба хотири маҳоратҳояш дар мусиқӣ ва ба унвони як воситаи фарҳангӣ барои мусиқии мардуми шимоли Афғонистон барандаи ҷоизаи байналмилалии “Шоҳзода Клоус” (Prince Claus)-и Ҳоланд шуда буд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...