Дар Афғонистон ҳоло мавсими "Базкашии хазонӣ" оғоз шудааст. Ин кор бештар дар шимоли ин кишвар, хусусан дар вилояти Бадахшон хеле маъмул аст. Дар Бадахшон бузкашии тирамоҳиро бузкашии хазонӣ мегӯянд.
Ҳарчанд бузкаширо бархеҳо як навъ варзиши хушунатомез медонанд, вале дар Афғонистон ин варзиши суннатӣ бисёр ривоҷ дорад ва он навъе аз ҷавонмардиву ниҳояти қудрату тавони мард дониста мешавад. Мо аз Фейсбук ва дигар бахшҳои интернет аксҳои имсоли "Бузкашии хазонӣ"-и Афғонистонро ҷамъ овардем, ки бо ҳам бибинем.