spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар 21 давлат: 20 000 нафас барои оянда

Маъракаи 'Нафас ба оянда', ки соли гузашта таҳти сарпарастии Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҳамоҳангии Вазорати кишоварзӣ ва  ҷангали Туркия бо Саридораи ҷангали Туркия оғоз ёфта буд, имсол низ санаи 11-уми ноябр соати 11:11 (бо вақти Анқара) дар 81 вилоят ва 922 ноҳияи Туркия баргузор гардид.

Имсол, бори аввал дар доираи Рӯзи миллии ниҳолшинонӣ, 83 миллион ниҳол шинонида шуд, ки дар он 25 кишвар аз қабили Озарбойҷон, Босния – Ҳерзеговина, Малта, Косово, Сенегал, Қазоқистон ва Украина ширкат варзиданд.

Маъракаи "Нафас ба оянда: Иди миллии ниҳолшинонӣ", ки бо дастури Раисҷумҳури Туркия аз 7-уми ноябри соли 2019 ҳамчун Иди миллӣ муайян карда шудааст ва маросими аввалини он таърихи 11-уми ноябри соли 2019 соати 11:11 (бо вақти Анқара) дар ҳамоҳангии Вазорати кишоварзӣ ва ҷангали Туркия бо Саридораи ҷангали Туркия ҷиҳати дар як вақт шинонидани 11 миллион ниҳол дар 81 вилояти Туркия оғоз гардида буд, имсол бо иштироки 25 давлат ба як маъракаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Дар Маъракае, ки Вазорати кишоварзӣ ва ҷангал, Саридораи хоҷагии ҷангал, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TИKA) дар якҷоягӣ ташкил намудандалхусус Озарбойҷон, Босния-Ҳерзеговина, Ироқ, Ливия, Малта, Черногория, Қазоқистон, Гурҷистон, Укроин, Афғонистон, Косово, Маҷористон, Сербия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Македонияи Шимолӣ, Молдова, Судан, Нигер, Алҷазоир, Сенегал, Ҷумҳурии Кипри Шимолии Туркия, Ӯзбeкистон, Албания ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд ва дар як вақт бо Туркия ниҳолҳо шинонда шуданд. TИKA дар ин лоиҳа ба 25 кишвар кӯмаки ниҳолшинонӣ намуда, ба оянда 20,000 нафас медиҳад.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ғайр аз имтиёзҳои иҷтимоие, ки дар доираи лоиҳа мақсадноканд, мувофиқи хусусияти маҳалли ниҳолшинонӣ; Паст кардани шиддати эрозия тавассути пешгирии талафоти хок, зиёд кардани мавҷудияти ҷангал тавассути беҳбуди сохтори сабзи кишвар, таъмини ғизо барои ҳайвоноти ваҳшӣ ва дастгирии рушди аҳолии онҳо, манфиатҳои зиёдеро ба монанди хидматрасонӣ ба кӯдакон, ҷавонон ва шаҳрвандон барои зиндагӣ дар фазои сабз, тоза ва аз оксиген бой, махсусан тавассути ҷангалзоркунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фароҳам меорад.

Лоиҳа инчунин истеҳсоли асалро бо шарофати растаниҳои гулдор ва хушбӯи шинондашуда дастгирӣ мекунад, дар ҳоле ки дарахтзоркунӣ бо намудҳои фоидаовар, аз қабили зайтун, чормағз ва юғуб ба бунёди минтақаҳои фароғатӣ ва ба иқтисодиёт ворид кардани минтақаҳо мусоидат мекунад.

“Иди ниҳолшинонии Нафас ба оянда – 2020” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеъи роҳбарияти Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ТИКА, муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Ректори Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозон, донишҷӯён ва мардуми маҳаллӣ баргузор гардид. Дар доираи маърака 1000 бех ниҳоли аз 3 то 5-солаи санавбар (сосна), ардаҷ (можжевельник) ва сарвиноз (туя) шинонида шуд.   

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...