spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

“Интиҳорӣ”: достоне, ки дар Душанбе нашр шуд, тарҷумаи инглисӣ шуд

Достони “Интиҳорӣ”-и Аҳмад Фаҳими Кӯҳдоманӣ нависанда ва дипломати тоҷики Афғонистон, ки моҳи январи имсол дар Душанбе нашру рӯнамоӣ шуда буд, ба инглисӣ тарҷумаву нашр шудааст.

Аҳмад Фаҳим Кӯҳдоманӣ аз Кобул ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст дар рӯзҳои наздик тарҷумаи паштуи ин асар низ халос мешавад ва дар ихтиёр хонандаҳои паштузабон қарор мегирад.

Достони "Интиҳорӣ" аз сарнавишти талхи як навҷавон нақл мекунад, ки дар як минтақаи таҳти идораи Толибон дар вилояти Ғазнӣ воқеъ дар Афғонистон марказӣ, зиндагӣ мекунад. Дар таътили зимистона волидон аз тарси сарбозгирии Толибон ва ҳам ба хотири таълимоти динӣ гирифтан, ӯро ба мадрасае берун аз деҳ мефиристанд. Аммо дар ин ба ном мадраса, баръакси интизороти падару модар, Ибодуллоҳ – қаҳрамони асар, ба дасти гурӯҳе меафтад, ки ӯро таҷовуз ва барои амалиёти интиҳорӣ омода мекунанд. Ӯро ба Покистон мебаранд ва пас аз мағзшӯиву дарсҳои ифротӣ ва фиребу найранг, барои анҷоми инфиҷор дар Кобул мувофиқат мекунад ва ҳамроҳ бо худ чандин нафарро ба қатл мерасонад.

Куҳдоманӣ мегӯяд, “ҳадаф аз таълифи ин китоб, ҳушдор ба хонаводаҳо ва ҷавононе аст, ки бо умеди омӯзиши аҳкому фароизи динӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ меафтанд ва ба марги худ розӣ мешаванд”.

Муаллифи асар мегӯяд паёмаш дар ин китоб ба хонанда ва мардуми Афғонистону минтақаи мо ин аст, ки муроқиби дарсу таълими фарзандонашон бошанд, ки мабодо дар доми шабакаҳои террористӣ ва даҳшатафкан биафтанд.

Аҳмад Фаҳими Куҳдоманӣ, нависанда, дипломат ва яке аз фаъолони сиёсии Афғонистон аст, ки то миёнаҳои имсол дар Сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе масъули ташрифот буд ва пас аз хатми маъмурияташ ба Кобул баргашт. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...