Бар асари таркиши автомобили мингузоришуда дар вилояти марказии Ғазнии Афғонистон дастикам 40 сарбози афғон кушта ва 24 нафар захмӣ шуданд, хабар додаанд ба CNN дар Вазорати тандурустии Ғазнӣ.
Як нафар автомашинаро дар назди пойгоҳи низомии воқеъ дар ноҳияи Деҳяки вилоят таркондааст. Мувофиқи изҳороти Вазорати мудофиаи Афғонистон, ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба пойгоҳ ҳамлагар бо неруҳои амният дучор шудааст. Ҳоло ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо масъулияти ин амалро ба дӯш нагирифтааст.
Мансабдорони расмии маҳаллӣ ба Reuters иттилоъ додаанд, ки дар натиҷаи таркиш манзилҳои шаҳрвандони мулкӣ дар гирду атрофи пойгоҳ осеб дидаанд.
Намояндаи Вазорати умури дохилӣ Тариқ Ориён далели таркишро тасдиқ намуда, лекин дар бораи омилу ҳадафҳои таркиш ва ҷабрдидагони эҳтимолӣ маълумот надодааст.
Намояндаи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид зимни суҳбат бо Reuters масъулиятро на ба дӯш гирифтаасту на инкор кардааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи якшанбе бар асари боз як таркиш дар вилояти шарқии Зобул, ки алайҳи мансабдори воломақоми вилоят равона гардида буд, дастикам 1 нафар куштаву 23 каси дигар захмӣ шуданд.
Дар натиҷа роҳбари шӯрои вилояти Зобул Ҳоҷӣ Отаҷон Ҳақбаён ҷароҳати сабук бардоштааст. Дар ин ҳамла ба Ҳақбаён, ки интиқодгарои шадиди “Толибон” аст, низ касе масъулиятро ба дӯш нагирифтааст.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд моҳи ахир дар Афғонистон як силсила таркишҳои автомобилҳо ба вуқӯъ пайвастанд, вале бо вуҷуди ин, гуфтушунидҳои сулҳхоҳона байни “Толибон” ва ҳукумат идома доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.