Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб, нависандаи пуровозаву маъруф ва аз донишмандони мумтози забони форсӣ дар Афғонистон, имрӯз дар Кобул баъди чанд ҳафтаи беморӣ дар сини 77-солагӣ даргузашт. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон бо такя ба пизишке, ки нависандаро муолиҷа мекард, хабар додаанд.
Раҳнаварди Зарёб солҳои ахир дар телевизиони "Тулуъ" дар Кобул кор мекард. Раиси шабакаи "Тулуънеюс" Лутфулло Наҷафизода ба "Би-Би-Сӣ" гуфтааст, ки Зарёб ҳафтаҳои гузашта ба куруно мубтало шуда буд ва саранҷом имшаб бар асари ин беморӣ даргузашт.
Раҳнаварди Зарёб яке аз достоннависҳои маъруфу матраҳи Афғонистон буд, ки дар Эрону Тоҷикистон ҳам хонандагони зиёде бо осору корҳои ҳунарии ӯ ошноии зиёд доранд.
Зарёб соли 1324 (1945 милодӣ)-и хуршедӣ дар Кобул таваллуд шудааст. Падараш аз аҳли Ғазнӣ ва модараш аз шимоли Афғонистон буд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Кобул ва давраи магистратураи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи Вилзи Ҷанубии Бритониё буд.
Раҳнаварди Зарёб пас аз адои хидмати сарбозӣ дар нашрияҳое чун "Жвандун", "Ислоҳ-Анис", "Aryana" (ба инглисӣ) ва чанде дигар ба унвони хабарнигор ва сардабир кор кардааст. Баъдҳо масъули бахши достоннависии Иттиҳодияи нависандагони Афғонистон ва раиси ин Иттиҳодия кор кардааст.
Ин нависандаи маъруф баъди суқути режими "Толибон", хонаводаашро дар Париж гузошта ба Афғонистон баргашт. Дар замони ҳукумати аввали Ҳомид Карзай мушовири вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон буд, ки баъдҳо аз ин мақом истеъфо кард. Солҳои ахир дар гуруҳи расонаҳои "Тулуъ" ба унвони виростор ё муҳаррири бахши забон буд.
Зарёб аз пуркортарин нависандаҳои солҳои ахири Афғонистон дониста мешуд, ки садҳо достону роман навиштааст. Бархе аз достонҳои кӯтоҳи ӯ дар маҷмӯаҳои "Овозе аз миёни қарнҳо", "Марди кӯҳистон", "Дӯсте аз шаҳри дур" ва "Нақшҳо ва пиндорҳо" чоп шудаанд.
"Шаҳри тилисмшуда", "Марде, ки сояааш таркаш кард", "Ва борон меборид", "Морҳои зери дарахтони санҷид", "Гулнор ва ойина", "Кока шашпар ва духтари Шоҳи Париён", "Шӯрише, ки одамизодагон ва ҷонваракон барпо карданд" ва осори зиёди пажуҳишӣ аз корҳои мондагори ин достоннависи варзида дониста мешаванд.
Ҳамсари Раҳнаварди Зарёб Спужмай Зарёб ҳам аз нависандаҳои номдори Афғонистон аст. Онҳо се фарзанд доранд ва хонаводашон дар Париж зиндагӣ мекунад.