Таҷлили “Рӯзи Миллӣ” дар Қатар дар ҳоле фаро мерасад, ки ин давлати арабӣ тасмим гирифтааст, барои бори нахуст дар таърихаш интихоботи парлумонӣ ва ё “ Маҷлиси Шӯро” баргузор кунад.
Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар санаи 3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯро дар моҳи октябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд.
Ҳамингуна, Маҷлиси Шӯро ё парлумони Қатар аз парлумони таъйинотӣ ба парлумони интихоботӣ мегузарад ва вакилони маҷлис ҳар 4 сол аз тарафи мардум интихоб хоҳанд шуд.
То ин замон Маҷлиси Шӯрои ин кишвар 35 курсӣ дорад, ки намояндагони онро амири ин кишвар таъин мекунад.
Қобили ёдоварист, ки аксари кишварҳои олам аз ин иқдоми Давлати Қатар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар саъйу талошҳои Қатар дар ростои демократия донистаанд.
Бояд гуфт, ки Қатар ҳамасола 18-уми декабр аз Рӯзи Миллии хеш таҷлил мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.