Шумори ҳолатҳои сабтшудаи сироят аз коронавиурс дар саросари дунё қариб ба 78 млн нафар расид. Дар ин бора Медуза бо истинод ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс хабар медиҳад.
Ба ин тариқ, зиёда аз 1%-и аҳолии сайёраи Замин аз ин вирус сироят ёфтанд. Фонди нуфус (аҳолӣ)-и СММ шумори ҳозираи аҳолии сайёраи Заминро 7,795 млрд нафар арзёбӣ мекунад.
Дар кишварҳои зерин аҳолӣ аз ҳама бештар аз ин вирус сироят ёфтанд: ИМА (18,2 млн ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19), Ҳиндустон (10 млн), Бразилия (7,3 млн) ва Русия (2,9 млн ҳолат).
Гуфта мешавад, дар саросари ҷаҳон бар асари сирояти коронавирус 1,7 млн нафар фавтида, қариб 44 млн нафар шифо ёфтанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.