Давоми як моҳ шумори сироятёфтагон ба коронавирус дар саросари дунё 20 млн нафар афзуда ба 85 млн кас расид, бармеояд аз маълумоти омории Донишгоҳи Ҷон Хопкинс. Тавре РБК менависад, ба сурати умум, то ин дам 1,8 млн нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Дар зарфи 1 моҳ дар ҷаҳон 20 млн нафар беморони нави COVID-19 ошкор шудаанд: 4 декабр шумори онҳо ба 65 млн нафар баробар буд.
Ба панҷгонаи аввали кишварҳое, ки дар онҳо аз ҳама зиёдтар ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст, ин давлатҳо дохиланд: ИМА — 20,6 млн нафар; Ҳиндустон — 10,3 млн; Бразилия — 7,7 млн; Русия — 3,2 млн; Франсия — 2,7 млн.
Марги зиёдтарин аз коронавирус дар ИМА сабт шудааст, ки 351 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар идома кишварҳои зерин қарор доранд: Бразилия – 196 ҳазор нафар фавтидагон; Ҳиндустон – 149 ҳазор; Мексика – 126,8 ҳазор ва Италия – 75 ҳазор каси фавтида аз ин беморӣ.
Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп маълумот дар бораи коронавирусро дар кишвараш муболиғанок унвон кард.
Дар Twitter ӯ навишт, ки маълумот дар бораи сироят ба COVID-19 дар ИМА хеле муболиғаноканд ва дар ин кор тарзу усул (методҳо)-и ҳисоби беморон ва фавтидагон айбдор аст, ки Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) аз он истифода мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.