Антониу Гутерриш раиси барҳоли СММ мехостааст, ки барои як давраи дигар номзади Дабири Кулли ин ниҳоди муътабари ҷаҳонӣ шавад. Дар ин бора BBC бо такя ба манбаъҳои Блумберг аз ҳисоби дипломатҳои баландпояи Шӯрои амнияти Созмони миллал хабар медиҳад.
Бино ба ин гузориш Гутерриш дар бораи ин тасмими худ, рӯзи 11-уми январ панҷ узви доимии Созмони миллаи муттаҳидро хабардор кардааст.
Гутерриши 71-сола, нахуствазири собиқи Португалия буд, ки соли 2017 барои як давраи панҷсола раиси СММ интихоб шуд.
Давраи раёсати Гутерриш дар поёни соли 2021 ба итмом мерасад ва мувофиқи тартиби мавҷуд дар ин ниҳод номзадҳо чанд моҳ пеш аз интихоби раиси нав ба Шӯрои амният хабар медиҳанд.
BBC мегӯяд, ки Антониу Гутерриш барои эълони тасмими худ мунтазири анҷоми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ИМА будааст, зеро даврони раёсати Доналд Трамп барои раиси СММ давраи осоне набудааст.
Дар интихоботи раиси СММ номзаде ба даври дигар раҳ меёбад, ки бояд раъйи 9 узви Шӯрои амниятро дошта бошаду аз аъзои доимии Шӯрои амният ҳеч раъйи мухолифе набояд дошта бошад.
Пас аз ин арҳала ин номзад бояд раъйи аксарияти аъзои Маҷмаии умумии СММ ба даст биоварад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.