Устод Ато Муҳаммади Нур, волии пешини Балхи Афғонистон ва аз шахсиятҳои пурнуфузи саҳнаи сиёсии имрӯзи ин кишвар бо нашри фарохон (даъват)-е дар саҳфаҳои расмияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтааст, ки ҳозир аст ба ифтихори Ҷашни Наврӯз ва 5700-солагии Балх осори илмӣ ва адабии марбут ба таърих ва тамаддуни Балхро сармоягузорӣ кунад.
Ҳарчанд дар ин эълон гуфта нашудааст, ки олимону донишмандони кадом кишварҳое метавонанд осори худро барои сармоягузорӣ ва нашр пешниҳод кунанд, вале як манбаи наздик ба Ато Муҳаммади Нур ба “Азия-Плюс” гуфт, ки донишмандони Тоҷикистон ҳам метавонанд осори илмиву тадқиқии худро пешниҳод кунанд.
“Дар ин замина маҳдудияте нест, зеро Балх ба унвони як ҷуғрофиё танҳо маҳдуд ба қаламрави имрӯзааш дар Афғонистон нест ва Балхи таърихӣ қаламравҳои зиёдеро дар бар мегирифт, ки бахши аъзаме аз он имрӯз марбут ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аст”, гуфт манбаъ.
Дар ин фарохон аз ҷумла гуфта гуфта мешавад: “Дар остонаи фарорасии соли 1400 хуршедӣ (2021 милодӣ), панҷҳазоур ҳафтсадумин соли бунёдгузории Балх ва ҷашни Наврузи ҷамшедии ориёӣ, қарор аст шуморе аз осори таҳқиқотӣ ва торихии марбут ба торихи Балхи бостон ва тамаддуни исломӣ аз сӯйи пажуҳишгарон ва нависандагони арсаи ториху адабиёт нигориш ёфта ва ба ҳимояти ҷаноби Ато Муҳаммади Нур раиси Шӯрои иҷроии Ҷамъияти исломӣ чоп ва ҳамагонӣ гардад”.
Дар ин фарохон аз ҳамаи пажуҳишгарони риштаи таърихи Афғонистон ва забону адаби форсӣ тақозо шудааст, ки агар тадқиқоте доранд бо дабирхона/котибот ё бахши тадорукоти ин тасмим тамос бигиранд ва корҳояшонро мувофиқа кунанд.
Бахшҳое, ки осори илмиву таҳқиқӣ барои сармоягузорӣ пешниҳод шудаанд:
Тазкираи шоҳони устураии Балх;
Торихи ҳукумати Бани Сарии Балх дар шимоли Африқо;
Нақши хонадони Бармакӣ дар тавсеъаи ҳукумати Аббосӣ;
Ҷойгоҳи иқтисодии Балх дар таърихи бостон;
Ҷойгоҳи Балх дар шеъри форсӣ;
Ҳукумати Оли Боянҷури Балх;
Торихи хонадони Сомониёни Балхӣ пеш аз Амир Исмоил;
Торихи Балх дар замони ҳукумати Наср бини Сайёр;
Торихи Балх дар замони Абдуллоҳ бини Асади Қусайрӣ;
Торихи Балх дар давраи Ғазнавӣ;
Торихи Балх дар давраи Сомонӣ;
Торихи Балх дар давраи Салҷуқӣ;
Ҷойгоҳи Балх дар неҳзати Шуъубия;
Сабки меъмории Балхи бостон;
Сабки ҳунарзои Балхи бостон.
Дабирхонаи ин ибтикор аз ҳамаи донишмандон, устодони донишгоҳ, муҳаққиқони риштаи таъриху адабиёти форсӣ ва тамаддуни исломӣ даъват кардааст, ки барои ҷузъиёти бештар бо онҳо ба василаҳои зерин тамос бигиранд: тел: +937955424519; e-mail: [email protected]
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.