Муассиси SpaceX, роҳбари Tesla Илон Маск ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат намуда, ба ӯ суҳбату гуфтугӯро дар шабакаи иҷтимоии Clubhouse пешниҳод кард.
Маск ба Путин тариқи Твиттер муроҷиат карда, бо ишора ба аккаунти расмии Кремл ва нашри ду навишта ба ӯ муроҷиат кардааст, менависад Медуза.
Кремл ҳоло ба пешниҳоди Маск ҳеҷ вокунише нишон надодааст.
Шабакаи иҷтимоии Clubhouse барои гуфтугуӯи овозии Clubhouse баҳори соли 2020 мавриди истифода қарор гирифта, аввали соли 2021 хеле писандида гардид. Барои дастрасӣ пайдо кардан ба Clubhouse даъватнома лозим аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.