Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Писари Аҳмадшоҳ Масъуд: Хуни падарамро мебахшам, аммо барои ормонҳояш вориди сиёсат шудам - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Писари Аҳмадшоҳ Масъуд: Хуни падарамро мебахшам, аммо барои ормонҳояш вориди сиёсат шудам

Asia-Plus

Аҳмади Масъуд, ягона писари Аҳмадшоҳ Масуъд – фармондеҳи ҷиҳод ва муқовимат ва Қаҳрамони миллии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа бо шабакаи "Тулуънеюс" мегӯяд, ки ӯ ба хотири омадани сулҳ дар Афғонситон омода аст хуни падарашро бибахшад, вале барои ормонҳое, ки падараш дунбол мекард, вориди сиёсат шудааст. 

Ӯ дар ин мусоҳиба номгузории яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Пориси Фаронсаро ба номи падараш намояндагии Масъуд аз исломи эътидолӣ дар Аврупо ва ҳамсӯиву ҳаназарии аврупоиён бо ин андеша унвон мекунад. 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ӯ дар ин мусоҳиба аз Аҳмадшоҳ Масъуд ба унвони улгу, нишона ва талошу муборизаи тамоми мардуми Афғонистон дар муқобили ду тафаккури тотолитор: таҷовузи сурх (Иттиҳоди Шӯравӣ) ва таҷовузи сиёҳ ("Толибон") ном мебарад. Ва мегӯяд, ки омода аст барои сохтани як Афғонистони навин ва ба хотири сулҳ бо "Толибон" оштӣ кунад.

Ба суоли такрор ба такрори хабарнигор, ки агар дар қатли падаратон даст дошта бошанд ҳам мебахшед, Аҳмади Масъуд посух медиҳад, ки мебахшам. "Хуни қаҳрамони миллиро мебахшам, аммо ормонашро ба ҳеч унвоне ҳозир нестам фаромӯш кунам". 

Дидгоҳҳои дигари Аҳмади Масъудро, ки имрӯз номи Амири Ҷавонро гирифтаасту аз сӯйи ёрону ҳаводорони падараш барои пеш бурдани ормонҳои Аҳмадшоҳ Масуъд вориди рақобатҳои сиёсӣ шудааст, метавонед аз ин видео бубинед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.