Рӯзи чоршанбе, 26 май падидаи нисбатан нодири табиӣ – моҳи пурра, рост омадани моҳи пурра ба моҳи нав бо замони наздикшавии бештарини Моҳу Замин ва гирифтани моҳ рух дод. Ин се ҳодисаи астрономӣ дар 12 сол як маротиба дар як рӯз ба амал меояд. Дар вақти пурра шудани Моҳ Замин ба сайёра, ба масофаи камтар аз 362 ҳазор километр наздик шуд.
Аз ин рӯ, сокинони кишварҳои гуногун Моҳи хеле дурахшону тобон ва дар баъзе ҷойҳо сурху хунинро мушоҳида карданд. Моҳ ранги арғувонӣ (суп-сурх, сурхи баланд) гирифта, ин гуна шакли гирифтани моҳро хунин меноманд, ба туфайли он ки Замин байни Офтобу Моҳтоб гузашта, ба радифи худ сояи бузурге мегузорад.
Пурра гирифтани моҳи ҳозира нахустин аз соли 2019 аст.
Пурра гирифтани моҳро сокинони қораи Амрико, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Австралия дида тавонистанд. Қисман имкон дошт, ки он дар Шарқи Дури Русия ва Камчатка низ мушоҳида шавад.
Чӣ гуна пурра гирифтани моҳро дар вақти воқеӣ дар “Твиттер”-и агентии кайҳонии амрикоии НАСА тамошо кардан имконпазир буд.
Хабаргузориҳои ВВС ва 360tv.ru суратҳои дурахшонтарини Моҳро гирдоварӣ кардаанд, ки аз ҷониби суратгирон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аксбардорӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.