Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Як сокини Фаронса Макронро шаппотӣ зад. "Таҳқири демократия"? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Як сокини Фаронса Макронро шаппотӣ зад. “Таҳқири демократия”?

Asia-Plus

Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон дар деҳае дар ҷануби ин кишвар аз нафаре миёни издиҳоми одамон шаппотӣ хурд.

Макрон, ки ба минтақаи Дром сафар карда буд, пас аз дидани як мактаб ба сӯи издиҳоми одамон, ки дар кӯча буданд рафт ва аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шуд, ба рӯяш як шаппотӣ зад.

Муҳофизони Раисҷумҳури Фаронса ин мардро аз ӯ  дур карданд ва ба замин хобонданд.

Бино ба гузоришҳо, дар робита ба ин ҳодиса ду нафар боздошт шудаанд.

Сарвазири Фаронса Жан-Кастилӣ ин ҳодисаро "таҳқири демократия" номидааст, хабар медиҳад BBC Persian.

Наворҳои нашршудаи ин ҳодиса нишон медиҳанд, ки Макрон ба деворҳои амниятӣ наздик мешавад, то бо мардум аз наздик ошно шавад.

Ӯ бо марде, ки дар тан пироҳани сабз ва ниқоб дошт, дастфишорӣ мекунад ва мард фавран президенти Фаронсаро як шаппотӣ мезанад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Тибқи иттилои расонаҳо ҳангоми шаппотӣ задан, ин мард гӯё: "Марг ба Макрон"- гуфта бошад.

Ҳувияти шахсе, ки Раисҷумҳури Фаронса Макронро торсакӣ задааст, маълум нест.

Ин навор баъд аз нашр дар Твиттер дар муддати 4 соат ҳудуди 5млн маротиба тамошо шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.