spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Путин “истиқлол”-и Донетск ва Луҳанск, ду минтақаи ҷудоиталаби Укроинро эътироф кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар як паёми телевизионӣ, ки мустақиман нашр мешуд, истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Укроин – Луҳанск ва Донетскро эътироф кард. Путин ба вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия "сулҳро таъмин" кунад. 

Луҳанск  ва Донетск ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав мебошанд. Ин амалкарди Путин норизоятии шадиди Киев ва дареғогӯйиҳои сарони НАТО ва кишварҳои дигари Ғарбро ба бор овард.

Путин рӯзи 21-уми феврал паёми худро бо имзо кардани ҳуҷҷатҳое ба поён расонд, ки дар он аз ҳадафҳои ҷудоихоҳон пуштибонӣ мешавад. Ин иқдом метавонад хатари низоъро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, зеро Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони ғарбӣ зидди амалҳое ҳушдор додаанд, ки истиқлолияти Укроинро халалдор мекунанд.

Киев ва раҳбарони Ғарб ҳафтаҳост, ҳушдор медиҳанд, ки ҷойгир кардани 150 000 сарбози Русия дар наздикии марзи Укроин метавонад, ҳамлаи Русияро ба Укроин ногузир гардонад.

Путин дар ҳоле сухан мегуфт, ки хабаргузориҳои байналмилалӣ ба нақл аз нерӯҳои Укроин дар хатти пеши ҷабҳа дар шарқи Украина навиштаанд, ки гулӯлаборони мавзеи онҳо аз тарафи ҷудоихоҳон шиддат гирифтааст.

Раисиҷумҳури Русия дар паёмаш бе зикри далелҳо иддаои густурдаеро баён кард, ки Укроин дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ аст, забони русӣ дар Укроин канор мондааст ва нақшаҳои муайяне барои аз байн бурдани калисои православии русро дар қаламрави худ дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тазоҳурот ба зидди Путин дар Лаҳистон (Полша), 20-уми феврали 2022

Вай гуфт, Укроин як "режими лӯхтакие" аст, ки аз ҷониби қудратҳои хориҷии омехта бо сулолаҳои олигархӣ идора мешавад. Ҳамчунин афзуд, НАТО тақозоҳои амниятии Маскав, аз ҷумла қонунгузории зидди ба НАТО пайвастани Укроин ва баровардани силоҳу таҷҳизоти ин паймони низомиро аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ "комилан нодида гирифт".

Кремл мегӯяд, Путин пеш аз паёмаш масъалаи эътирофи истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Укроинро бо раҳбарони Олмон ва Фаронса баррасӣ кард. Ҳар ду кишвар дар баробари қудратҳои дигари ғарбӣ аз пайомадҳои ҷиддии ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Укроин ҳушдор додаанд.

Иттиҳоди Аврупо бо таҳрим таҳдид кард

Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ Ҷозеп Боррел гуфт, агар Путин ба ҷудоихоҳон истиқлол пешниҳод кунад, Иттиҳод ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад намуд.

Дар ҳоле ки Путин суханронӣ мекард, сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон такроран гуфт, ки Русияро "бастаи таҳримҳои азим" дар пеш буда метавонад. Вай ин иқдоми Путинро "нақзи ошкорои истиқлол ва якпорчагии Укроин" номид. Эдгарс Ринкевич, вазири корҳои хориҷии Латвия, гуфт, Иттиҳоди Аврупо бояд фавран таҳрим ҷорӣ кунад.

Созмони Милали Муттаҳид, ки Қрим ва минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳонро бахше аз хоки Укроин медонад, пеш аз паёми Путин барои ҷилавгирӣ аз шиддати авзоъ ба "худдории ҳадди аксар" даъват кард.

Стефан Дуйарич, сухангӯйи Созмони Милал, гуфт: "Аз ҳама мехоҳем, ки аз ҳар гуна тасмими яктарафа ё амалҳои якҷониба, ки метавонад тамомияти арзии Укроинро халалдор кунад, худдорӣ варзанд. Ҳама масъалаҳо бояд ба воситаи дипломатия ҳал карда шаванд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин, 21-уми феврал, пас аз он ки Путин гуфт, "имрӯз" дар бораи истиқлоли ДНР ва ЛНР тасмим мегирад, ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Укроинро даъват кард. Қабл аз он бо садри аъзами Олмон ва президенти Фаронса гуфтугӯ дошт. Бино ба гузоришҳо, Эммануэл Макрон ҷаласаи Шӯрои дифоъ ва амнияти миллии Фаронсаро даъват кардааст.

Шолтс аз нақзи созишнома гуфт, Путин аз набудани дурнамо

Сафири Амрико дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Майкл Карпентер, тасмими Русияро боиси таассуф донист ва хоҳони маҳкум кардани он шуд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, пеш аз изҳороти Владимир Путин тасмими ба расмият шинохтани истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби Укроинро ба шиддат маҳкум карда буд. Дафтари садри аъзами Олмон бо нашри эъломияе гуфт, Шолтс дар суҳбати телефонӣ бо раҳбари Русия ҳушдор додааст, ки чунин тасмим “ба таври якҷониба поймол кардани созишномаи Минск” аст. Созишномае, ки ҳашт сол пеш барои поён додан ба муноқишаи ҷудоиталабон дар шарқи Укроин ҳосил шуда буд.

Путин рӯзи 21-уми феврал гуфт, тарҳи сулҳ барои хатми низоъ дар шарқи Укроин "дурнамое" надорад. Киев аз соли 2014, замоне ки Русия нимҷазираи Қрими Укроинро ғасб кард, бо ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Маскав дар шарқи ин кишвар дар ҳоли ҷанг аст. То кунун дар даргириҳо дастикам 13 ҳазору 200 кас кушта шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қабл аз изҳороти раисиҷумҳури Русия, раҳбарони ҷудоиталаби шарқи Укроин дар баёнияи телевизионӣ аз Путин хостанд, истиқлоли ин минтақаҳоро ба расмият шиносад.

Леонид Пасечник, раҳбари ҷудоихоҳони Луҳанск, 21-уми феврал дар видеое, ки тавассути телевизиони давлатии Русия пахш шуд, гуфт: "Аз шумо мехоҳем, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ҷумҳурии Мардумии Луҳанскро эътироф кунед.” Айни дархостро Денис Пушилин, раҳбари ҷудоиталабони Донетск ҳам ба забон овард.

Маскав вақтҳои охир исрор меварзад, ки ҳеч гуна нақшаи ҳамларо ба Укроин надорад. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта гуфт, бовар дорад, Путин аллакай дар бораи ҳамла тасмим гирифтааст. Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед рӯзи 21-уми феврал ҳушдор дод, ки "пешбинӣ мекунем, онҳо (тонкҳои Русия) метавонанд, дар соатҳо ё рӯзҳои наздик сарҳади Укроинро гузаранд".

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, қасд дорад, рӯзи 24-уми феврал бо Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико дар Женева мулоқот кунад. Вай ҳамчунин ният дорад ба Париж рафта, заминаҳоро барои нишасти эҳтимолии Байден-Путин, ки аз тарафи президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод шуда буд, фароҳам биоварад.

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Укроин, аз аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, барои баррасии "чораҳои кам кардани шиддати авзоъ" ва "иқдомҳои амалӣ барои кафолати амнияти Укроин" ҷамъ шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...