spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ИМА алайҳи Донетску Луҳанск таҳримҳо ҷорӣ кард

Президенти ИМА Ҷо Байден зидди давлатҳои худхондаи Донетск ва Луганск таҳрим ҷорӣ кард. Фармони таҳрим дар сомонаи Кохи сафед нашр шуд.

Бар асоси ин таҳрим, шаҳрвандони ИМА ҳақ надоранд, ки дар иқтисоди Донестк ва Луганск сармоягузорӣ кунанд. Ба илова, воридоту содирот аз ҳудуди Донетску Луганск ба ИМА манъ шуд. Ҳамчунин, бар асоси ин фармон, ҳар касе, ки дар Донетск ва Луганск ба фаъолият мепардозад, шомили таҳримҳо мешавад.

Ҳамаи дороиҳои марбут ба афроде, ки ба Донетск ва Луганск алоқа доранд, дар ИМА ба ҳабс гирифта мешаванд.

"Эътирофи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Ҷумҳурии мардумии Луганск аз сӯи Русия, ки қаламрави Украина ҳастанд, хилофи уҳдадориҳои Русия дар доираи созишномаи Минск аст ва (эътирофи ин ду ҷумҳурӣ) ба сулҳу устуворӣ ва истиқлолу ягонагии арзии Украина таҳдиди бештар ба бор меорад", – омадааст дар фармон.

Ба ин тартиб, ин эътироф "ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ИМА хатари ғайриоддӣ ва фавқулодда дорад", зикр шудааст дар фармон.

Линда Томас-Гринфилд, намояндаи доимии ИМА дар Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи фаврии ин шӯро гуфт, Путин "созишномаи Минскро пора-пора кард". Вай ҳамзамон илова кард, Москва даъвои соҳиб шудан ба ҳудудҳои империяи Русияро дорад, ки 100 соли пеш, то замони Иттиҳоди Шӯравӣ, мавҷуд буд.

"Путин мехоҳад, дунё ба гузашта, ба замоне баргардад, ки ҳанӯз Созмони милали муттаҳид мавҷуд набуд ва дунёро империяҳо идора мекарданд. Аммо дунё дигар пеш рафтааст. Ҳоло соли 1919 нест, балки соли 2022 аст", – гуфт Томас-Гринфилд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шаби душанбе пас аз он, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия истиқлоли минтақаҳои ҷудоиталаби шарқи Украинаро ба расмият шинохт, нишасти фавқулодда баргузор кард.

Сафири Фаронса дар СММ чанд лаҳза пеш аз баргузории ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, "мо бо як вазъияти бисёр дроматикӣ рӯбарӯ ҳастем". Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки ин амали Русияро маҳкум кард ва хостори нишасти фавқулоддаи Шӯрои Амният шуда буд.

Чанд соат пеш аз ин нишаст хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш дода буд, ки худравҳои низомӣ, аз ҷумла танкҳо вориди шаҳри Донетск шуданд. Ин гузориш мегӯяд, ки панҷ танк дар дарвозаи вурудӣ ва ду танк дар дохили шаҳри Донетск дида шудааст.

Президенти Русия дастур дод, ки нерӯҳои ин кишвар ба минтақаҳои ҷудоиталаб дар шарқи Украина дохил шаванд. Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ тасмими Маскавро ба шиддат маҳкум карда ва ваъда додаанд, ки таҳримҳои сахтеро алайҳи Русия ҷорӣ хоҳанд кард.

Владимир Путин шаби гузашта дар як паёми телевизионӣ истиқлолияти Луҳанск ва Донетски Украина, минтақаҳои таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскавро эътироф кард. Ин кори ӯ норозигии Киев ва дареғҳои сарони НАТО ва Ғарбро ба бор овард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...