Низомиёни Русия 24 феврал нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро дар шаҳри Припяти Укроин тасарруф карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба сарвазири Укроин Денис Шмигал иттилоъ додааст.
"Майдони Чернобелро баъди задухӯрди шадид аз даст додем. Вазъи неругоҳ номуайян аст. Баъди ҳамлаи комилан бемаънои русҳо наметавон гуфт, ки неругоҳ дар амн аст. Он имрӯз яке аз таҳдиҳои ҷиддӣ ба Аврупо шумурда мешавад", – илова кард мушовири дастгоҳи президенти Укроин Михаил Подоляк.
Ҳамчунин бино ба иттилои BBC, хабари тасарруфи неругоҳи ҳастаии Чернобилро мушовири раиси дафтари раисҷумҳур Михаил Подоляк ба бархе расонаҳо таъйид кардааст.
Пештар президенти Укроин хабар дода буд, ки низомиёни рус талош доранд, то нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро тасарруф кунанд.
"Ҳимоятгарони мо ҷони худро медиҳанд, то ҳодисаи соли 1986 такрор нашавад. Ман дар ин бора ба президенти Шветсия хабар додам. Ин ҷанг бар зидди тамоми Аврупо аст", – навишт Зеленский.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.