Имрӯз рӯзи сеюми ҳамла ва ҷанги Русия дар Укроин аст. Русия инро "амалиёти вижа дар Укроин" ном мебарад. Ҷониби Укроин – ҷанги Русия бо Укроин. То кунун аз кушта шудани наздик ба 150 нафар гузориш расидааст, ки 30 нафари онҳо шаҳрвандони ғайринизомӣ гуфта мешаванд.
СММ муттаҳид аз омодагиҳо барои пазируфтани 4 миллион паноҳандаи эҳтимолии укроинӣ хабар медиҳад. Ҳоло омодагиҳо барои оғози гуфтушуниди ҷониби Русияву Укроин, ки ба эҳтимоли зиёд дар Белорус бояд доир шавад идома дорад.
Расонаҳои бонуфузи ҷаҳон аз вазъи шаҳрвандони мулкии Укроин дар се рӯзи ахир аксҳо нашр кардаанд. "Азия-Плюс" дар ин бастаи аксҳо 60 аксро аз сарнавишт, оворагӣ ва беҷо шудани сокинони Укроин дар се рӯзи ахир аз ин расонаҳо гирдоварӣ кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.