Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ҳадафи Маскав сарнагун кардани ҳукумати Укроин нест.
Ба гуфтаи Захарова, ҳадафи ҷанг ҳимояти ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс аст, ки Маскав истиқлоли онҳоро аз Укроин эътироф кардааст. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия афзуд, ки Укрроин ғасб ё ҳокимияти онро сарнагун карданӣ нестанд.
Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 7 март гуфта буд, ки Маскав дар гуфтугӯҳои сулҳ аз Киев талаб дорад, то аз даъвои Қрим даст кашад, истиқлоли ҷудоихоҳонро эътироф ва бетарафии ин кишварро ба ҳама гуна созмонҳои низомӣ дар Конститутсия дарҷ кунад.
Путин 25 феврал, ҳанӯз дар рӯзи дувуми ҳамлаи Русия ба Укроин аз низомиёни он кишвар даъват карда буд, ки табаддулоти низомӣ кунанд ва қудратро дар Киев ба даст гиранд. Ҳукумати қонунии Укроинро он замон "гуруҳи муътодони маводи мухаддир ва миллатгароён" номида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.