spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Русия дипломати Толибонро ба унвони кордори муваққати Афғонистон ба расмият шинохт

Мария Захарова, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки ин вазорат ёддошти хаттии фиристода ба сафорати Афғонистон дар робита ба инро, ки Маскав кордори муаррифишуда аз сӯйи давлати муваққати Толибонро ба расмият мешиносад.

Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар моҳи феврал нахустин дипломати афғони фиристода аз сӯйи Толибон вориди Маскав шуд. Дар моҳи март вай таъйиди салоҳият шуд ва охирҳои моҳи март Вазорати хориҷаи Афғонистон аз итмоми маъмурияти Саид Тайиб Ҷавод ва таъйини Ҷамол Ғурвор ба унвони кордори муваққати Афғонистон дар Маскав хабар дод.

"Шашуми апрел, Вазорати хориҷаи Русия дархости хаттӣ дар робита ба пазириши расмии мақоми ин дипломати афғонистониро ба унвони кордори Афғонистон дар Маскав барои сафорати Афғонистон фиристод, ки ин иқдомро гоме дар ҷиҳати эҳёи равобити комили дипломатик медонем", – иброз дошт Захарова.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров изҳор дошта буд, ки Маскав ба нахустин дипломати афғон аз ҳукумати Толибон акредитатсия дод.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эътирофи дипломатҳои "Толибон" аз сӯйи шарикони стратегӣ хатар ба манофеи миллии Тоҷикистон нест?

Ба гуфтаи Сергей Лавров, бо вуҷуди надоштани таҷрубаи идоракунӣ, маҳдудиятҳои моливу иқтисодӣ ва фишори низомиву сиёсии Амрико ва муттаҳидонаш, маъмурияти нави Афғонистон дар маҷмӯъ тавонистааст ҳукуматро дар ҳоли ҳозир нигоҳ дорад.

Ӯ зикр карда буд, ки дар бахши мубориза бо терроризм натиҷаи мусбати муайян ба назар расида, дар самти эҳтироми ҳуқуқи инсон низ талошҳо ба харҷ дода мешаванд.

“Кобул барои тавсеаи равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ фаъол аст, – гуфта буд вазири умури хориҷаи Русия. – Мо ба роҳ мондани тадриҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо кишварҳои минтақа, ки сохторҳои тиҷоратии онҳо ба Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ҳамаи ин робитаҳо, албатта, ба эътирофи байналмилалии ҳукумати нави Афғонистон  мусоидат мекунанд”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...