Миллиардер ва асосгузори ширкатҳои SpaceX ва Tesla Илон Маск гуфтааст, ширкати " Twitter"-ро харидорӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи душанбе созиш ҳосил шуда, хабарро дар худи "Twitter" низ тасдиқ карданд.
Қарор аст, ширкати мазкур ба маблағи наздики 44 миллиард доллари амрикоӣ фурӯхта шавад.
Маск дар изҳороташ дар бораи харидории "Twitter" аҳамияти озодии баёнро ёдовар шуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҳатто мухолифони сарсахташ низ саҳифаҳои худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф нахоҳанд кард.
Ҳанӯз рӯзи душанбе маълум шуда буд, ки Маск Twitter-ро мехарад, дар ин бора Bloomberg, Reuters и WSJ хабар дода буданд. Баъди ин хабар саҳмияҳои Twitter 6,8% – то $52,27 боло рафтан, менависад Forbes.
Дар оғози моҳи апрел Маск 9,2% Twitter саҳмияҳои ин ширкатро харида буд ва яке аз бузургтарин саҳмдорони он гашт. Зоҳиран баъди ин хариду фурӯш сармоядортарин тоҷири олам пешниҳод кардааст, ки ширкатро комилан мехарад ва барои ҳар ҳар саҳмия $54,2 медиҳад. Ин нарх аз нархи бозорӣ ба таври қобили мулоҳиза боло аст.