spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пентагон: бо арзиши 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомӣ дар дасти “Толибон” боқӣ монд

Вазорати дифои Амрико гуфтааст, ки таҳҷизоти низомии ин кишвар ба арзиши ҳафт миллиард доллар  дар Афғонистон боқӣ мондаанд. Шабакаи хабарии CNN дар як гузориш бо такя ба Пентагон нигоштааст, ки ин таҳҷизот дар ҷараёни шонздаҳ соли гузашта ба Афғонистон интиқол ёфта буданд.

Дар ин гузориши CNN омадааст, ки Амрико аз соли 2005 то соли 2021 ба арзиши 18,6 миллиард доллар таҳҷизоти низомиро ба неруҳои амниятӣ ва дифоиии Афғонистон кӯмак кардааст, ки пас аз берун шудани ИМА аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021, ба арзиши  7 миллиард доллар таҳҷизоти низомӣ дар ин кишвар барҷо мондааст, ки ба дасти "Толибон" афтодаанд. 

Дар ин гузориш аз ҷумла сухан дар бораи 78 тайёра, 40 ҳазор василаи нақлиёти низомӣ, аз ҷумла 12 ҳазор мошини  низомиву ҷангии HMMWV, бештар аз 300 ҳазор ҷангафзор, муҳимоти вижа ба арзиши  47 миллион доллар, дурбинҳои шаббин, системаи биометрик ва воситаиҳои пок кардани минаҳо, пас аз хориҷ шудани амрико дар Афғонистон боқӣ мондаанд.

Толибон гуфтаанд, ки аз ин пас ин таҳҷизот барои дифои  Афғонистон истифода мешаванд. 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати "Толибон" гуфтааст, ки ин таҳҷизот "ба хотири куштори мардуми Афғонистон ба ин ҷо интиқол ёфта буданд ва ҳоло моликияти Афғонистон шудаанд ва пас аз ин  ин таҳҷизоту аслиҳаҳо ба хотири дифо аз Афғонистон истифода мешаванд".

ИМА ва кишварҳои муттаҳидаш, апс аз ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар Амрико, ҳафтуми октябри соли 2001 ба Афғонистон ҳуҷум оварданд ва дар ду даҳҳа дар ин кишвар ҳузур доштанд, ки дар пайи ба имзо расидани тавофуқномаи 2020 дар Давҳаи Қатар моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тарк карданд ва ба гуфти Ҷо Байден дарозтарин ҷанги Амрико дар хориҷ аз кишвараш поён ёфт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...