Интизор меравад Иттиҳодияи Аврупо 10 май бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро қабул кунад. Ин бастаи таҳримҳо аз оғози ҷанги Русия дар Укроин бастаи шашум хоҳад буд. Дар ин бора бахши русии BBC хабар медиҳад.
Ҷозеф Боррел дипломати Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ки дар ҷаласаи навбатии корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо бастаи шашуми таҳримҳо алайҳи Русия таъйид карда мешавад.
Дар бастаи нав эҳтимоли маҳдуд шудани содироти энергетикӣ аз Русия татбиқ шавад. Аз ҷумла таҳрими хариди нафти Русия дар назара аст, ки ин мавзуъ Маскавро аз даромадҳои ҳангуфт маҳрум мекунад, -гуфтааст дипломати аврупоӣ
Аммо Боррел гуфтааст, ки барои он ки ин бастаҳо пазируфта шаванд, бояд онро кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кунанд, вале мисли пештара ин кишварҳо дар ин мавзуъ хеле ихтилофи назар доранд.
"Вале ман хеле бовар дорам, ки дар баробари вориди нафт ин тавофуқ эҳтимол дорад то ҷаласаи навбатии Шӯро ба даст биояд",- илова кардааст ӯ.
Ҷаласаҳои навбатии Шӯрои Аврупо 10 ва 16-уми май дар назар гирифта шудаанд.
Дар баробари ин эҳтимол дорад, ки Комиссияи Аврупо Маҷористон ва Словакияро аз таҳрими хариди нафти Русия озод кунад, зеро ин ду кишвар вобастагии зиёде аз ин нафт доштаанд, навиштааст нашрияи Guardian бо такя ба изҳороти ду намояндаи ин комиссия.
Бино ба маълумоти Оҷонсии ҷаҳонии энергетикӣ Маҷористон 58% маҳсулоти хоми нафт ва маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад ва хеле вобастагии шадид ба нафти Русия дорад. Ин кишвар борҳо изҳорот додааст, ки зери таҳримҳои энергетикӣ ҳеч гоҳе имзо намегузорад.
Словакия бошад 96% маҳсулоти нафтии худро аз Русия ворид мекунад.