"Ҳафтгонаи бузург" 14 май, баъди ба поён расидани мулоқоти серӯзаи худ дар Олмон изҳоротеро нашр кард.
Ин гуруҳи кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, аз Чин даъват карданд, ки соҳибихтиёрии Украинаро ҷонибдорӣ намуда, ба Русия кумак накунад ва ҳушдор доданд, ки ҷанги беасоси Москва алайҳи Киев тамоми ҷаҳонро таҳдид карда, бӯҳрони ҷиддии ғизоӣ ва энержиро дар пай дорад.
"Ҳафтгонаи бузург" ҳамчунин аз Пекин хостанд, ки “аз истифодаи тақаллуби иттилоотӣ, маълумоти бардурӯғ ва дигар василаҳо барои қонунӣ кардани ҷанги таҷовузкоронаи Русия алайҳи Украина худдорӣ кунад”.
Ба ҷуз ин, аз ҳампаймони Русия – Белорус даъват шудааст, то "ҳамаи уҳдадориҳои байналмилалияшро иҷро ва ҷонибдории амалиёти низомии Москваро дар Украина қатъ кунад".
Нишасти кишварҳои “ҳатфгонаи Бузург” аз соли 2014 баргузор мешавад ва дар он Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Британия Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуҳои байналмилалиро баҳс мекунанд.