29 апрел нахустин ҳамоиши беруни марзии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Торонтои Конодо баргузор гардид.
Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат дар сафҳаи фейсбукии худ хабар дод.
Гуфта мешавад дар ин ҳамоиш Петрик Бровн, шаҳрдори Торонто ва роҳбари ояндаи ҳизби муҳофизакори Конодо низ дар ин нишаст ҳузур дошта, дар суханронияш аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълони ҳимоят карда ваъдаи ҳамкорӣ додааст.
"Дар ин гирдиҳамоӣ муҳури сӯҳбатҳои моро вазъияти ногувори ҳуқуқи башар дар кишвар, рушди дубораи истибдод ва беадолатӣ, нақши сиёсатҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар баробари ифротгароӣ ва терроризм ва ҳамчунин аҳдоф ва барномаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил дод."- навиштааст Алӣ Майсам Назарӣ.
Ӯ ба таъкид навиштааст, ки "Мо бори дигар изъон доштем, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, шомили тамоми ақвом ва гурӯҳҳои мухолиф аз саросари кишвар буда, бо бовармандӣ ба касратгароӣ барои расидан ба озодӣ ва ободӣ дар арсаи низомӣ ва сиёсӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар талош ва мубориза мекунем."
Ҳамчунин зикр мешавад, ки дар он нишаст, шахсиятҳои саршиноси Афғонистон иштирок кардаанд.