Бештар аз 100 мухолифи эътирозгарро рӯзи душанбе дар Ереван боздошт карданд. Се корманди пулис захм бардошта, бистарӣ шудааст.
Субҳи рӯзи душанбе иштирокдорони "Ҳаракати нофармонӣ"-и мухолифон дар маркази шаҳри Ереван, пушти дари бинои ҳукумати Арманистон ҷамъ шуданд. Намояндагони мухолифон мехостанд, ба ҳузури вазирон роҳ ёбанд.
Пулис ба мухолифон иҷозаи вуруд надод ва баъди он рӯёрӯӣ шуруъ шуд.
Эътирозҳои оммавӣ зидди сарвазири Арманистон Никол Пашинян моҳи апрел шуруъ шуд. Мухолифон сарвазир ва ҳукумати ӯро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон айбдор мекунанд. Созишномае, ки ба бовари мухолифон, мумкин аст, Қарабоғи Куҳӣ ба тамом ба ихтиёри Озарбойҷон дода шавад.
Никол Пашинян соли 2018 дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ сари қудрат омад. Соли 2021 вай дубора ба мақоми сарвазирӣ интихоб гардид. Дар давраи сарвазирии Пашинян Арманистон дар низоъи мусаллаҳона бо Озарбойҷон қисме аз заминҳои баҳсиро дар Қарабоғи Куҳӣ аз даст дод.