Президенти ИМА Ҷо Байден розӣ шуд, ки ба Укроин пойгоҳи пешрафтаи мушакӣ пешкаш кунад, ки тавони расидан ба ҳадафе дар фосилаи 80 километрро дорад.
Байден рӯзи 31-уми май дар матлабе дар нашрияи The New York Times навишт, "системаҳои мушакӣ ва силоҳҳо барои исобат ба ҳадафҳои калидӣ дар майдони ҷанги Укроин мусоидат мекунанд."
Ӯ афзуд, ҳуҷуми Русия ба Укроин аз роҳи дипломатия ҳалли худро меёбад, вале Иёлоти Муттаҳида бояд силоҳҳои муҳимро ба Укроин таъмин кунад, то мавқеи Киев дар музокирот дар сатҳи баландтарин қарор бигирад.
ИМА розӣ шуд, Укроинро бо системаҳои мушакии “Ҳимерс” таъмин кунад, ки бо сифатҳои пешрафтаву замонавӣ фарқ мекунанд.
Айни замон, Укроин аз пеш вазифадор шудааст, ки ин мушакҳоро барои ба дохили хоки Русия партоб кардан истифода нахоҳад кард. Системаи мушакҳои "Ҳимерс" бахше аз бастаи 700-миллиондолларии силоҳҳо мебошад, ки нав ба Украина пешкаш шудааст.