Аз оғози ҳамлаи артиши Русия 32 рӯзноманигор дар Укроин фавтидааст. Дар ин бора рӯзи душанбе вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод.
Дар Укроин рӯзи 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил мешавад. Вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, рӯзноманигороне, ки дар шароити ҷангӣ фаъолият доранд, гӯиё "дар сафи аввали фронти иттилоотӣ меҷанганд".
"Дар чаҳор моҳи ҷанги фарогир мо 32 ҳамкасбро аз даст додем, дар ҳашт сол теъдоди аз ин бештарро. Шумо қаҳрамонед, Нақши шумо, ҷасорати шумо ва садоқати шумо ба коратон ба таври бояду шояд баҳо дода нашудааст", – навишт Ткаченко.
Созмони "Хабарнигорони бидуни марз", ки қурбониён ва захмиҳо миёни хабарнигоронро сабт мекунад, ба Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ чанд шикоят бурдааст. Ин созмон талаб дорад, ки қатли рӯзноманигорон дар ҷанги Русия зидди Укроин ҳамчун ҷинояти ҷангӣ баҳо дода шавад.