"Толибон" бародар ва бародарзодаи раиси собиқи Шӯрои уламои Афғонистон Мавлавӣ Ҳисомуддин Ҳисомро сар бурида тирборон кардаанд. Дар ин бора худи Ҳисомуддин Ҳисом ба "Афғонистон интернейшнл" суҳбат кардааст.
Ба гуфтаи Ҳисом бародараш, ки захмӣ шудааст, асир карда ва сар буридаанд. Раиси пешини Шӯрои уламои Афғонистон ҳамчунин иддао кардааст, ки бародарзодашро Толибон зинда ба зинда тирборон кардаанд.
Бародару бародарзодаи Мавлавӣ Ҳисом узви Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон будаанд. Ин ҷабҳа бо раҳбарии Аҳмади Масъуд дар муқобили "Толибон" меҷангад.
Ҷабҳаи Муқовимати миллии Афғонистон рӯзи якшанбе эълон кард, ки толибон дар вулусволии Бозораки Панҷшер се тан аз асирони ҷангии ин ҷабҳаро сар буридаанд. Масъулони ҷабҳа гуфтанд, ки ҷангиёни толибон ин се нафарро аввал дастҳояшон баста баъда сар буридаанд.
Ин ҷабҳа Толибонро ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мекунад.
Пас аз зиёд шудани даргириҳо миёни неруҳои Ҷабаҳи муқовимат ва толибон, мардуми маҳалии Панҷшер гуфтаанд, ки "Толибон" ғайринизомиёнро боздошт ва шиканҷа мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.