Расонаҳои "Толибон" хабар медиҳанд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки дар замони суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" ба ин кишвар бурда шуда буданд, дубора ба ин гурӯҳ таслим кардааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Толибон" – "Бохтар" хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, ин таҳҷизот шаби гузашта аз тариқи бандари Исломқалъа вориди Афғонистон шудаанд. Дар як наворе, ки ин хабаргузорӣ нашр кардааст, дида мешавад мошинҳои борбарӣ таҷҳизоти низомиро аз марзи Исломқалъа вориди вилояти Ҳироти Афғонистон мекунанд.
Соли гузашта дар пайи шадид шудани ҷангҳо дар рӯзҳои охири ҳукумати собиқи Афғонист, бархе аз низомиён чанде аз таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла силоҳ, муҳиммот ва мошинҳои махсуси неруҳои амниятиро ба Эрон бурда буданд.
Аммо Толибон то кунун дар бораи миқдори ин таҳҷизот чизе нагуфтаанд.
Дар пайи фирори Ғанӣ ва суқути ҳукумат ба дасти "Толибон" беш аз 60 чархболу тайёраҳои неруҳои амниятии Афғонистон ҳам аз фурудгоҳҳои Мазори Шарифу Кобул ба Ӯзбекистон Тоҷикистон ҳам оварда шуданд.
Толибон аз он замон то кунун талоши баргардонии ин чархболу тайёраҳоро доранд. Вале Тоҷикистон Ӯзбекистон бо Амрико дар музокира шуда, аз додани ин чархболу тайёраҳо ба "Толибон" худдорӣ карданд.
Вазорати дифои Амрико ҳам изҳорот дод, ки ин чархболу тайёраҳо ба Толибон дода намешаванд.