spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Волии “Толибон” ба ғорати осори қадимии бутҳои Бомиён муттаҳам мешавад

Нашрияи амрикоии Foreign Policy бо такя ба манбаъҳои маҳаллияш дар вилояти Бомиёни Афғонистон навиштааст, ки волии "Толибон" дар ин вилоят Мулло Абдуллоҳ Сарҳадӣ "ба ғорати осори бостонӣ дар соҳаи бутҳои бомиён сару кор дорад".

Мулло Сарҳадӣ аз нафаронест, ки дар соли 2001 бо дастури Мулло Умар бунёдгузор ва роҳбари пешини "Толибон"  дар тахриб ва бомбгузории бутҳои Бомиён даст дошт.

Манбаъҳои нашрияи амрикоӣ гуфтаанд, ки Мулло Сарҳадӣ  осори арзишманд, аз ҷумла ҷавоҳироти тиллоиеро мекобад, ки дар маҷмуаи "Тиллотеппа" ба намоиш гузошта шудаанд. 

Осори "Тиллотеппа"  дар солҳои 1977-78 аз сӯйи бостоншиносони Афғонистуон Шӯравӣ  дар шимоли Афғонистон кашф шудаанд, ки қидмат (ба давра)-и онҳо ба 2 ҳазор сол мерасад.

Дар гузашта, дар солҳои навадуми асри гузашта, кормандони Осорхонаи миллии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз ғорат ва тахриби осори "Тиллотепа" дар замони ҷангҳои муҷоҳиддин ва ҳукумати аввали "Толибон" онро дар Арги раёсатҷумҳурӣ пинҳон карда буданд, ки баъдан бори аввал дар соли 2004 ба намоиш гузошта шуданд.

Манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд ки "Сарҳадӣ коргарони ғайриафғонро барои ҷустуҷӯ ва ғорати осори бостонӣ ба Бомиён овардааст". 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мулло Сарҳадӣ

Пештар ҳам, моҳномаи инглисзабони "Рӯзномаи ҳунар" моҳи феврал дар гузорише хабар дода буд, ки ду минтақаи бостонии атрофи бутҳои тахрибшудаи Бомиён, аз ҷумла бархе ғорҳо, аз сӯйи  як гуруҳи ношинос кофтуков шудаанд.

Foreign Policy навиштааст, ки мақомоти "Толибон" ба Сарҳадӣ дастур додаанд, ки кофтукови худро бас кунад. Аммо як корманди собиқи созмони фарҳангии ЮНЕСКО гуфтааст, ки "Толибон" ганҷинаҳо ва осори таърихии зиёди марбут ба Бомиёнро дуздӣ карда ва дар бозори сиёҳ фурӯхтаанд. 

Дараи Бомиён аз сӯйи ЮНЕСКО ҳамчун як минтақаи дар маърази хатар ва як мероси ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст. Ин созмон аз "Толибон" ҳамеша хостааст, ки ин минтақаро нигоҳубин кунанд.

Дар соли 2001 "Толибон" дар ҳукумати аввали худ ду бути аслии Бомиёнро таркониданд, ки мавриди вокунишҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...