spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расид

Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон ба 1500 нафар расида, беш аз 2000 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ин заминларза рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн дар ҷанубу шарқи кишвар  рух дод. Он ҳамагӣ чанд дақиқа давом кард, аммо зарари он хеле калон аст. Чандин русто ба таври комил вайрон шуда, одамон то ҳол зери харобаҳо мондаанд.

Ин офати табиӣ ба чандин вилоятҳо зарари калон расонд.  Бештари хисорот дар Пактико, Нангарҳор ва Хуст мушоҳида шудааст. Танхо дар вилояти Хуст беш аз 600 хона вайрон шудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама қурбонӣ ба ин далел аст, ки замони вуқӯъи заминларза субҳи барвақт будааст. Мардум ҳанӯз дар хоб буданд ва барои тарки хонаҳояшон вақт надоштанд.

Хотирнишон мекунем, ки маркази заминларза дар дуртар аз марз бо Покистон дар умқи 15 километр воқеъ будааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Толибон ваъда дода буд, ки барои осебдидагон 1 миллиард афғонӣ (ҳудуди 11 миллион доллар) ҷудо мекунад. 

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Омодагии Эрону Русия ва Покистону Чин ҷиҳати кумак ба осебдидгон аз заминларза дар Афғонистон

Мулло Шарафуддин Муслим, муовини вазири ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ки дар ин ҳодиса дастикам 920 нафар фавтида ва 610 нафари дигар захмӣ шудаанд.  Вай афзуд, ки ба хонаводаҳои қурбониён аз ҳукумат 100 ҳазор афғонӣ (1100 доллар) ва барои захмиён 50 000 афғонӣ (550 доллар) кӯмак хоҳанд кард.

Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари гуруҳи Толибон аз сохторҳои байналмилалӣ хостори кумак шуд.

"Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои хайрия ва башардӯстона даъват мекунем, ки дар робита ба ин фоҷеа ба мардуми Афғонистон кумак кунанд ва тамоми талоши худро барои кумак ба мотамдорон ҳарчи бештар ба кор гиранд".

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...