spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар Теҳрон миёни сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия чӣ тавофуқҳое ҳосил шуданд?

Чанде пеш дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон нишасти сарони кишварҳои зомини “раванди Остона” баргузор шуд. Дар ин ҷо гуфтушуниди президенти Русия Владимир Путин, Эрон – Иброҳим Раисӣ ва Туркия – Раҷаб Тайиб Эрдуғон доир гардид, ки нахустин нишаст бо чунин шакли ҳузури бевосита пас аз пандемияи коронавирус аст.

“Сегонаи Остона” – гуруҳи иборат аз кишварҳои Русия, Туркия ва Эрон мебошад, ки моҳи январи соли 2017 пас аз гуфтушунид дар Остона таъсис дода шуд. Ҳадафи он танзими низои ҳарбӣ дар Сурия унвон шудааст. Кишварҳои узв мунтазам нишастҳо баргузор намуда, дар мавриди ба эътидол овардани вазъ қарорҳо қабул мекунанд.

Дар изҳороти муштарак дар пайи ин нишаст гуфта мешавад, ки Русия, Эрон ва Туркия ҳама гуна таҳримҳои якҷониба алайҳи Димишқро рад мекунанд, хабар медиҳад РБК.

Тарафҳо ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар ҷонибдории худро изҳор мекунанд. Гуфта мешавад, низоъи Сурия роҳи ҳалли низомӣ надорад, онро "танҳо дар ҷараёни як раванди сиёсӣ, ки худи суриягиҳо бо кумаки СММ тибқи банди 2254 Шӯрои амнияти СММ роҳбарӣ ва анҷом медиҳанд, ҳал кардан мумкин аст".

Дар ҳамин ҳол, сарони кишварҳо ба маҳви террористон дар қаламрави Сурия идома хоҳанд дод.

Ҳамлаҳои низомии Исроил ба иншооти мулкӣ (ғайринизомӣ) дар Сурияро ҷонибҳо дар алоҳидагӣ маҳкум карданд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин хилофи қонунҳои байналмилалӣ ва тамомияти арзии Сурия буда, ба шиддати вазъият дар минтақа тақвият мебахшад.

“Дар илова ба масъалаи Сурия, тарафҳо нияти таҳкими ҳамкории сеҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баҳри мусоидат ба ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тасдиқ намуданд”, – зикр мешавад дар изҳорот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...