spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Намояндагони ИМА ва “Толибон” масъалаи боз кардани захираҳои асъори Афғонистонро баррасӣ карданд

Намояндагони сохторҳои марбутаи ИМА ва “Толибон” имкони боз шудани амалиёт бо дороиҳои молиявии Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ рӯзи 27 июл дар Тошканд пас аз анҷоми кори конфронс оид ба Афғонистон (26 июл) баргузор шудааст.

Ҳайати ИМА-ро дар вохӯрӣ бо “Толибон” намояндаи махсус оид ба Афғонистон Томас Уэст ва муовини вазири молия оид ба мубориза бо терроризм ва иктишофи ҳарбӣ Брайан Нелсон роҳбарӣ кардаанд.

“Ҷонибҳо талошҳои ҳозираро дар мавриди истифодаи захираҳои иҷозашудаи Бонки марказии Афғонистон дар ҳаҷми 3,5 млрд доллар барои нафъи мардуми ин кишвар баррасӣ карданд. Иёлоти Муттаҳида зарурати тақвияти корҳоро дар ин самт таъкид кард”, – омадааст дар хабари Департаменти давлатӣ.

Ёдрас мекунем, ки амалиёт бо дороиҳои давлатии захиравии Бонки марказии Афғонистон дар ИМА моҳи августи соли 2021 пас аз сари қудрат омадани толибон дар кишвар боздошта шуданд. Маблағи дороиҳои захиравии кишвар 9,4 млрд доллар арзёбӣ шуда буд.

Зимни вохӯрии байнулмилалӣ дар Тошканд намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон Том Уэст изҳор дошт, ки Вашингтон роҳи ҳалли кушодани амалиёт бо захираҳои боздоштшудаи ин кишварро баррасӣ дорад, то ки ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон мусоидат намояд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нишасти Тошканд. Мирзиёев: Равобит бо террористонро қатъ кунед. Толибон: Ба минтақа хатар эҷод намекунем

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки тариқи муколама бо толибон ниҳодҳои байнулмилалӣ бояд итминон дошта бошанд, ки корҳо дар ин самт шаффоф хоҳанд буд.

Том Уэст шарҳ дод, ки ҳарчанд кишвараш бо толибон мухолифат дошта бошад ҳам, бо наздикшавии фасли зимистон мардуми Афғонистон бо мушкилоти зиёд дучор мешавад.

“Аз ин рӯ, ИМА ҳамчун сарпарасти бузургтарини кумаки башардӯстона ба Афғонистон, ба гуфтушунид бо толибон дар бораи озод кардани маблағҳои боздоштшудаи ин кишвар омода аст”, – иброз доштааст ӯ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...